Раиси пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп Пол Манафорт ва шарики тиҷории ӯ Рик Гейтс бар асоси 12 банде, ки зиддашон айб эълом шудааст, аз ҷумла пулшӯӣ ва созиш зидди ИМА худро гунаҳкор намедонанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳи федеролии Вашингтон хостааст, Манафорт 10 миллион ва Гейтс 5 миллион доллар замонатпулӣ бипардозанд, чун ба гуфтаи масъулони додгоҳ, эҳтимоли кӯшиши фирори онҳо аз кишвар вуҷуд дорад. То замони пардохти ин маблағ ҳар ду дар ҳабси хонагӣ хоҳанд монд.
Гуфта мешавад, раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ва шарикаш дар пинҳон кардани миллионҳо доллар айбдоранд. Манафорт аз соли 2006 то соли 2015 аз "Ҳизби минтақаҳо"-и президенти пешини Украина Виктор Янукович пул гирифтааст. Ӯ барои фирор аз пардохти андоз ширкатҳои офшориро истифода карда, ба воситаи онҳо беш аз 75 миллион долларро интиқол додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ зиёда аз 18 миллион долларро "шӯстааст". Гейтс ба воситаи ширкатҳои офшорӣ беш аз се миллион долларро интиқол додааст.
Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандрес дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, айбҳое, ки зидди Манафорту Гейтс эълом шудаанд, бо маъракаи интихоботии Доналд Трамп ҳеч пайванде надоранд. Ӯ исрор кард, ки айбҳои эъломшуда аз нигоҳи замон ва ҳадаф низ бо маъракаи пешазинтихоботии Трамп мувофиқат намекунанд.
Сандрес дар робита ба мушовири пешини Трамп дар умури сиёсати хориҷӣ Ҷорҷ Пападопулос афзудааст, ки ӯ як "ихтиёрӣ" буд ва дар маъракаҳои интихоботӣ низ нақши хеле "маҳдуд" дошт. Рӯзи душанбе хабар доданд, Ҷорҷ Пападопулос иқрор кардааст, ки баёноти додаи ӯ ба Бюрои федеролии тафтишоти ИМА дурӯғ буд.