Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар ҳамоише дар Душанбе ширкат дошт, ба ватанаш барнагашт.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи ӯро додгоҳи Покистон бо иттиҳоми фасод баррасӣ мекунад ва Исҳоқ Дор бояд рӯзи душанбе, 30-уми октябр дар додгоҳ шаҳодат медод. Аммо рӯзи шанбе ҳавопаймои давлатие, ки ӯро ҳамроҳ бо се тан ҳамроҳонаш ба Душанбе оварда буд, бидуни Исҳоқ Дор ба Покистон парвоз кард.
Раҳбарии ҳизби “Лигаи мусалмонон”-ро Навоз Шариф, сарвазири собиқи Покистон бар дӯш дорад ва Исҳоқ Дор узви баландпояи ин ҳизб ҳаст.
Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси Исҳоқ Дор дар маросими адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ нашр шуд. Ӯ ба назди нахуствазири пешин ва раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон Навоз Шариф рафт, ки дар Саудӣ қарор дошт. Исҳоқ Дор як узви ҳамин ҳизб мебошад. Дар ҳолати бозгашт ба Покистон, Навоз Шарифро низ хавфи боздошт таҳдид мекунад.
Рӯзномаи "Daily Pakistan" аз қавли як масъули хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷии Покистон Саид Ҷовид навишт, нишасти Душанбе, ки дар он ҳайати Покистон ширкат дошт, рӯзи ҷумъаи 27-уми октябр поён ёфт ва қарор буд вазири молия рӯзи шанбе ё якшанбе, бармегашт. Помир Ҳалимзай, хабарнигори Радиои Машъал – бахши покистонии Радиои Озодӣ мегӯяд, Исҳоқ Дор аз Душанбе ба Ҷидда ва аз он ҷо ба Бритониёи Кабир парвоз карда, феълан дар Лондон қарор дорад.
Вакили дифои оқои Дор имрӯз, 30-уми октябр дар додгоҳ гуфтааст, зерҳимояааш фирор накардааст, балки бемор буда, барои табобат ба Лондон рафтаааст ва он ҷо ҳамчунин дар ҳамоишҳои ҳизби “Лигаи мусалмонон” дар ин кишвар ширкат мекунад.
Исми вазири молия дар як парвандаи марбут ба иттиҳоми фасоди нисбати Навоз Шарифу оилааш якҷоя дар санадҳои мавсум ба "Авроқи Панама" ба ҳайси шахси дорои сарватҳои пинҳонӣ зикр шудааст.