Муҳаммад Раззоқов, омӯзгори рақами 49-уми деҳаи Падрӯди ноҳияи Панҷакент бо як навори видео дар бораи ҳоли табоҳи мактаб ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид муроҷиат карда, аз ӯ дархост намуд, ки дар мавриди ин масъала чораҷӯӣ кунад. Муроҷиати Раззоқов дар сомонаи АИ «Sugdnews» нашр шудааст.
Дар навори видео гуфта мешавад, дар ин мактаб 68 нафар хонадагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил карда, бо сабаби камбуди ҷой, хонандагони синфҳои гуногун маҷбуранд, ки ҳамроҳ дарс хонанд, яъне синфи 1 бо синфи 3, синфи 2 бо синфи 4. Толибилмони синфҳои болоӣ то мактаби ҷамоати Падрӯд 4,5 километр роҳро пиёда тай мекунанд.
Раззоқов зикр мекунад, ки «раҳбарияти ноҳия ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи маориф борҳо ин ҷо омада, вале ягон кумаке карда натавонистанд».
Мактаби мазкур бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ замони шӯравӣ сохта шуда, баъди он то ҳол рӯи таъмирро надидааст.
Акнун омӯзгорон ва сокинони деҳа ба кумаки ҳукумат умедворанд.