Маҷаллаи амрикоии Forbes рейтинги моделҳои гаронарзишро дар саросари ҷаҳон ба нашр расонид.
Тавре РБК менависад, моделҳои дар ин феҳрист сабтшуда давоми як сол дар маҷмӯъ 109,5 млн. доллар пул кор кардаанд.
Кендалл Ҷеннер
Модели амрикоӣ Кендал Ҷеннер пешсафи рейтинг буда, аз 1 июни соли 2016 то 1 июни соли равон 22 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.
Жизел Бюндхен
Даромади модели бразилиягӣ давоми сол 17,5 млн. доллар арзёбӣ шуда, муддати 15 соли охир маҳз ӯ дар зинаи аввали ин рейтинг қарор дошт.
Крисси Тейген
Ин модели амрикоӣ бори нахуст ба феҳрист шомил гардида, ҳаҷми даромади солонааш 13,5 млн. долларро ташкил медиҳад.
Адриана Лима
Зинаи чоруми рейтингро бо даромади солонаи 10,5 млн. доллар модели бразилиягӣ Адриана Лима ишғол мекунад.
Ҷиҷи Ҳадид
Шаҳрванди ИМА Ҷиҷи Ҳадид низ бо даромади 9,5 млн. доллар дар як сол ба рейтинги Forbes шомил гардидааст.
Роузи Хантингтон-Уайтли
Модели бритониёӣ Роузи Хантингтон-Уайтли низ давоми як сол 9,5 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.
Карли Клосс
Боз як модели амрикоӣ Карли Клосси 25-сола низ дар ин рӯйхат ҷой дошта, тӯли як сол 9 млн. доллар кор кардааст.
Лю Вэнь
Бо даромади солонаи 6,5 млн. доллар модели Чин Лю Вэн дар мақоми 8-уми рейтинг қарор дорад.
Белла Ҳадид
Ҷавонтарин намоянда миёни моделҳои гаронарзиши саросари ҷаҳон шаҳрванди ИМА Белла Ҳадид мебошад, ки давоми сол 6 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.
Эшли Грэм
Мақоми охирин даҳгонаи моделҳои гаронарзиши саросари дунёро модели амрикоии plus-size Эшли Грэм бо даромади 5,5 млн. доллар касб кардааст.