Вазорати молияи ИМА номи президенти Чеченистон Рамазон Қодировро ба "рӯйхати Магнитский" ворид карда, ӯро дар муҷозоти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва поймолкунии ҳуқуқи инсон айбдор мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ҷуз ин, сардори пулиси шаҳри Аргуни Чеченистон Аюб Катаев ҳам шомили рӯйхати мазкур шудааст. Ӯ ба таъқиб ва шиканҷаи ҳамҷинсгароён дар Чеченистон айбдор аст. Вазорати молияи Амрико низ шаҳрвандони Русия Андрей Павлов, Алексей Шешеня ва Юлия Майороваро ба рӯйхат ворид кардааст.
"Эъломияи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул карда, Бритониё низ гузинаи худро дорад. Литва ва Канада ҳам моҳи ноябри соли равон ин гуна қонунро қабул карданд.
Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба далели нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.
Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид карда мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.
Дар шарҳи ин масъала роҳбари Чеченистон дар в Instagram қайд кард, ки «яъне онҳо риояи ҳуқуқҳои инсонро нодида мегиранд». «Эҳ бечора амрикоиҳо! Як кишвари хурду вале сарбаланд як давлати бузургро орому осуда намегузорад», – навиштааст Қодиров.
Ӯ зикр кардааст, ки аз номақбул буданаш ба хадамоти махсуси ИМА ифтихор дорад. Қодиров гуфтааст, барои «тамоми умр бо террористони хориҷӣ, ки миёнашон гумоштагони хадамоти махсуси амрикоӣ низ буданд, мубориза бурданашро амрикоиҳо бахшида наметавонанд».
«Вале бигзор ИМА дар ташвиш набошад. Ман ҳоло фармони ба сарзамини ИМА по гузоштанро нагирифтаам, – таъкид доштааст роҳбари Чеченистон. – Онҳо таърихи чеченҳоро медонанд, ки замоне Мавлид Висаитов (қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ) бо асп то Элба рафта, аз президенти Амрико ордени «Легион почета» (Легиони фахрӣ)-ро гирифт».