Сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний шаби якшанбе ҳамроҳ бо ҷонибдорони худ ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар (КМИР) омада, барои сабти номзадияш ба мақоми президентӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ пеш аз вуруд ба бинои КМИР гуфт, "наметавонанд моро сабти ном накунанд. Зеро интихоботи бидуни мо интихобот нест". КМИР рӯзи якшанбе ба далели бисёр будани номзадҳо соати корияшро дароз кард.
Гуфта мешавад, Навалний изҳори боварӣ кард, ки номзадии ӯро сабти ном хоҳанд кард. Дар КМИР гуфтанд, ки то Соли нав дар ин бора посух хоҳанд дод.
Номзадии Навалнийро ба мақоми президентии Русия рӯзи 24 декабр як қатор гурӯҳҳои ташаббускор дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Москва ва Петербург пешниҳод карда буданд.
Мухолифи рус пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, агар номзадии ӯро ба қайд нагиранд, тамоми зерсохторе, ки тайи як соли маъракаҳои таблиғотияш омода кардааст, ба таҳрими интихобот равона хоҳанд шуд.
Алексей Навалний 24 декабр ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандаҳо дар шаҳри Москва изҳор дошт, ки барои пирӯзӣ дар интихобот, тағйири қудрат ва ташкили ҳукумати нав дар Русия талош хоҳад кард.
Навалний ба интихобкунандаҳо гуфт, агар президенти кунунии Русия Владимир Путин бори дигар пирӯз шавад, кишвараш 6 соли дигарро аз даст хоҳад дод. "Шумо, Владимир Путин кишвари моро ба манбаи даромади худу хонавода ва дӯстонатон табдил додаед. Бинобар ин, дигар набояд президент шавед", – афзуд ӯ.