spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кортҳои пардохти Бонки Эсхата ба соҳибонаш 2300 сомонӣ бурд оварданд

Мизоҷони Бонки Эсхата Ҷаъфар Нурматов аз ш. Душанбе, Эҷод Абдуҷалилов аз ш. Хуҷанд ва инчунин Татьяна Абдукаримова аз ш. Қурғонтеппа ғолибони даври ниҳоии аксияи «Хариди бурднок» аз Бонки Эсхата гардиданд. Ба ғолибон сетрификати бурд ба маблағи 2300 сомони аз ҷониби роҳбарияти Бонки Эсхата тақдим гардид.

Мизоҷон Ҷ.Нурматов ва Э.Абдуҷалилов дар арафаи соли нав аз марказҳои савдои «Сафир» ва «Амиди»- ш. Хуҷанд, харид карда, бо корти Бонки Эсхата пардохт намуданд. Бо ин восита иштирокчии аскияи «Хариди бурднок» гаштанд.

Мизоҷ Татьяна Абдукаримова бошад, дар яке аз нуқтаҳои таъмини сӯзишвории «Баҳоройл», воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе – Қӯргонтеппа бо корти Бонки Эсхата пардохт кардааст.

Дере нагузашта ба телефони эшон рақами тартибии иштирок тариқи смс равон гардид. Маҳз ана ҳамин рақамҳои тартибӣ барояшон бурд овард!

Воқеан хариди кардаашон бурднок шуд!

Бояд қайд кард, ки ғолибони Аксия тариқи интихоби тасодуфӣ аз тарафи комиссияи аксия муайян гардиданд, ки мувофики шартҳои он бурд байни се минтақаи кишвар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ш. Душанбе ва НТМ гузаронида шуд.

Иштирокчиёне, ки бурди асосиро соҳиб нашуданд, аммо дар аксия фаъолона ширкат варзиданд, онҳо низ бо туҳфаҳои пулии иловагӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Бонки Эсхата маблағи бурдро рӯзҳои наздик ба корти ғолибон мегузаронад.

Бонки Эсхата ғолибони аксияи «Хариди бурднок»-ро самимона муборакбод намуда, ба ҳамаи он шаҳрвандоне, ки як маротиба бошад ҳам дар аксия ширкат варзиданд, изҳори миннатдорӣ баён мекунад.

Инчунин бонк миннатдории хешро барои ҳамдастӣ ба шарикони аксия – марказҳои савдову хизматрасонӣ ва нуқатҳои таъмини сузишворӣ мерасонад.

Бовар дорем, ки аксияи «Хариди бурднок» таконе гардид барои рушди пардохти ғайринақдӣ байни аҳолӣ, рушди тиҷорати корти пардохтии бонк ва иҷроиши қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи чораҳои рушди пардохти ғайринақдӣ тариқи кортҳои пардохтӣ”, ки мутобиқ ба ин қарор ҳамаи марказҳои савдо ва хизматрасонӣ вазифадор карда шуданд, ки POS-терминалҳоро барои қабули кортҳои пардохтӣ васл кунанд.

Бонки Эсхата бо ҷамбасти аксияи “Хариди бурднок” корҳои тарғиботиро дар самти пардохти ғайринақдӣ ба итмом намерасонад, балки дар соли 2018 низ нақшаҳои калони худро амалӣ хоҳад кард.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...