Дар Туркманистон имрӯзҳо маъракаи солонаи иваз кардани аксҳои президенти ин кишвар дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ҷараён дорад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маърака ҳамасола зери шиорҳои нав сурат гирифта, миллионҳо нусхаи нави аксҳои президент дар саросари кишвар фурӯхта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, имсол маъракаи ивазкунии аксҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зери унвони яке аз китобҳои ахири ӯ "Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим" ҷараён дорад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ маъракаи таблиғотии мазкур харҷи иловагиеро барои омӯзгорон, табибон ва кормандони муассисаҳои дигари буҷавӣ дар пай хоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи иқтисодии сокинони Туркманистон рӯз то рӯз бадтар мешавад.
"Расмҳои президентро дар тамоми муассисаҳо, аз ҷумла мактабҳо иваз карданд. Дар мактабҳои шаҳри Ишқобод аз ҳар як омӯзгор 25 манатӣ (беш аз 7 долларӣ) ҷамъ намуданд. Дар мактабҳои минтақаҳо ба хотири сарфаи маблағ танҳо расмро харида, дар чорчӯбаҳои куҳна гузоштанд", – гуфтааст мудири яке аз мактабҳои пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш.
Ба гуфтаи ӯ, маъракаи навсозии расмҳои президент, ки харҷи он ҳамасола аз ҳисоби кормандони муассисаҳои буҷавӣ пардохт мешавад, солҳост, ба як манбаи даромади нашриётҳо ва фармоишгарони онҳо табдил ёфтааст.