Ҷоми ҷаҳонии футбол бори нахуст ба Тоҷикистон оварда шуд. Он тариқи ҳавопаймои махсус дар доираи иқдоми «Трофи тур», ки ташкилоткунандааш ширкати «Coca Cola» мебошад, ба Душанбе интиқол ёфт. Ҷомро футболбози маъруф Кристиан Карамбе ҳамроҳӣ мекард.
Ҷомро дар толори маҷмааи «Кохи Борбад» барои тамошову аксбардорӣ гузоштанд. Дар ин рӯз садҳо мухлисони фтубол баҳри барои хотира аксбардорӣ ба пойтахт омада буданд. Ба бисёриҳо ин кор даст дод, лекин боз аксарият, ки бо нархи се шишаи «Coca Cola» билет харида буданд, ба он муваффақ нашуданд.
Гузориши видеои шабакаи телевизиони «Варзиш»-ро дар ин бора манзуратон мегардонем.