Дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар қисми аввали Форум, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода баргузор гардид, намояндагони илму фарҳанг занони соҳибкор ва фаъолзанон дар мавзӯи нақши занон дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакану қуроқдӯзӣ, заргарӣ ва оиди дигар ҳунарҳои мардумӣ баромад намуданд.
Гуфта мешавад, нимаи дуюми рӯз форум ба кори худ бо баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муайян кардани соҳибкорзани муваффақ идома бахшид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо маҳсули дастони занони ҳунарманд шинос шуда баҳои баланд дод.
Дар вазъияти ботантана 6 зани ҳунарманди Хатлон Шоинова Ҳусния, Раҷабова Инобат, Сайдалиева Саодат, Азимова Зарҳал, Набиева Робиямо ва Сафарова Мавлуда ғолиби озмуни “Соҳикорзани муваффақ” дониста шуда, бо сипоснома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки Форуми мазкур бо мақсади рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги кишвар дар сатҳи ҷаҳони мебошад.