spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳунарнамоии Меҳрнигори Рустам тамошобинони ҳиндиро ба ваҷд овард

Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар озмуни мусиқии "Rising Star” дар Ҳиндустон бо таронаи машҳури "Хатуба” аз филми ҳиндии "Алибобо ва 40 роҳзан” ҳунарнамоӣ кард. Дар бораи иштирокаш дар ин озмуни ӯ дар саҳифаи Инстаграми худаш маълумот додааст

Ҳунарнамоии Меҳринигорро тариқи шабакаи телевизионии "Colors TV”-и Ҳинд даҳҳо миллион нафар тамошо карда, аз ҳунарнамоии Меҳрнигор ҳам ҳайъати ҳакамон ва ҳам тамошобинони ҳиндӣ ба ваҷд омаданд.

МЕДИА (IFRAME)

Адибаи Рустам, модари Меҳринигори Рустам ба сомонаи "Ахбор” гуфтааст, ки Меҳринигор алакай аз ду даври озмун гузашта, ба даври навбатӣ омодагӣ мебинад.

«Ширкат дар ин озмуни муътабар дар Ҳиндустон, кишваре ки бо сатҳи баланди мусиқӣ ва таронаҳояш маъруф аст, барои Меҳринигор як имтиҳони хеле ҷиддӣ ва ҳам як мактаб аст, чунки ба ҳунари довталабон дар "Rising Star” дар баробари тамошобинон ҳамчунин ҳакамоне баҳо медиҳанд, ки шинохтатарин овозхонҳои Ҳиндустон дониста мешаванд», – изҳор доштааст модари овозхон.

Гуфта мешавад, Меҳринигори Рустам дар саҳнаи "Rising Star” нафақат таронаи "Хатуба”-ро хонд, балки бо забони ҳиндӣ бо ҳозирин суҳбат карда, бо забондониаш низ тамошобинонро боз ҳам ба ваҷди бештар овард.

МЕДИА (IFRAME)

"Rising Star” фарзияи ҳиндии як сабқати байналмилалии мусиқист, ки имсол мавсими дуюмашро тай мекунад. Ин сабқат дар Ҳиндустон бори аввал моҳи феврали соли 2017 оғоз ёфт ва асосан дар байни овозхонҳои ҳиндӣ доир мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...