Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон қариб ба 3 млрд. 670 млн. доллар расид, ки ба 51,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.
Қарзи хориҷии кишвар дар соли гузашта асосан дар натиҷаи ҷалби сармоягузориҳо аз Чин барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, истифодаи воситаҳои дохилии қарзӣ ҷиҳати дастгирии бахши энергетика, ҳамчунин фурӯши вомбаргҳои давлатӣ (500 млн. доллар) дар бозорҳои байнулмилалӣ афзуд.
Маълумоти муфассал дар инфографикаи нави мо.