Бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои артиши Афғонистон ба мадраса дар минтақаи Дашти Арчии вилояти Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба шабакаи телевизионии Tolonews.
Бино ба маълумоти шӯрои вилоят, дар натиҷаи ин ҳамла ҳудуди 50 нафар кушта шудаанд, ки аксарашон толибон ва сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории Pajhwok, ҳадди ақал 20 нафар захмишудагон ба беморхонаи маҳаллӣ мунтақил шудаанд.
Гуфта мешавад, замони ҳамла дар бинои мадраса 200 нафар ҳузур доштаанд, аз ҷумла яке аз аъзои шӯрои олии «Толибон» – "Шӯрои Кувейта", ки қароргоҳаш дар шаҳри Кувейта воқеъ аст. Бар асари ҳамла бинои мадраса вайрон шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.