Додгоҳе дар Сеул президенти пешини Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Херо дар порагирӣ, сӯистифода аз мақом, таъсири ғайриқонунӣ ба ширкатҳои тиҷорӣ айбдор ва 24 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, айбдоркунандаи давлатӣ барои Пак Кин Хеи 66-сола 30 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 110 миллион долларро талаб карда буд.
Президенти пешини Куриёи Ҷанубӣ тамоми айбҳои зиддаш эъломшударо рад карда, ба додгоҳ ҳозир нашуд. Телевизионҳои Куриёи Ҷанубӣ рафти мурофиаро мустақиман намоиш доданд.
Додрасҳои Додгоҳи конститутсионии Куриёи Ҷанубӣ 10 марти соли 2017 якдилона Пак Кин Херо аз мақоми президентӣ барканор карда буданд.
Масъалаи барканории президенти Куриёи Ҷанубӣ замоне ба миён омад, ки дугонаи Пак Кин Хе – Чхве Сун Сил дар сӯистифода аз номи раҳбарияти кишвар айбдор шуд. Сун Сил моҳи феврали имсол 20 сол зиндонӣ гашт.
Ӯ ба он айбдор дониста шуд, ки гӯиё бузургтарин ширкатҳои тиҷории Куриёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Samsung-ро маҷбур кардааст, ба ҳисоби бунёди хайрияаш ҳудуди 70 миллион доллар гузаронад ва баъдан ин пулҳоро ба манфиати шахсияш истифода кардааст.