Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ярмаркаи таҳсил: хатмкунандагон мактабҳои олии Русияро интихоб мекунанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ярмаркаи таҳсил: хатмкунандагон мактабҳои олии Русияро интихоб мекунанд

Акмал МАННОНОВ, Парвиз ТУРСУНОВ, Asia-Plus

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон намоишгоҳ-ярмаркаи 7-уми «Таҳсил дар Русия: Душанбе-2018» ба кор шурӯъ намуд. Чунин ярмаркаҳо бо иштироки як қатор мактабҳои олии Русия дар Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб низ баргузор мешаванд.

Дар ин чорабинӣ беш аз 30 мактаби олии Русия ва филиалҳояшон дар Тоҷикистон иштирок дошта, ярмарка то санаи 14 апрел идома меёбад.

Касоне, ки аз ярмарка боздид мекунанд, дар бораи ихтисосҳо дар мактабҳои олии Русия, шароити таҳсилу иқомат дар онҳо аз наздик шинос мешаванд. Намояндагони мактабҳои олӣ ба ҳамаи саволҳои онҳо, аз ҷумла тартиби интихоб ва шартҳои қабул муфассал маълумоту машварат медиҳанд.

Илҳом Комилзода, сардори департаменти байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар доираи созишномаҳои байнулмилалӣ барои хамткунандагони мактабҳои Тоҷикистон 618 квота муқаррар шуда, ғайр аз ин, бар асоси созишномаҳои дуҷониба, интихоби алоҳида низ гузаронида мешавад.

«Таҳсил дар Русия ҳам аз ҳисоби буҷет ва ҳам бар асоси шартнома сурат гирифта, соли хониши 2017-2018 дар мактабҳои олии Русия 4993 донишҷӯёни соли аввал аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, – гуфт Комилзода. – Дар мактабҳои олии Русия дар маҷмӯъ беш аз 20 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд, ки зиёда аз 20 фоизашон тариқи шартнома қабул шудаанд. Маблағи пардохти солонаи таҳсил дар мактабҳои олии Русия ба ҳисоби миёна 150 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад».

МЕДИА (YOUTUBE)

Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шинос кардани хатмкунандагони ммуассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо самтҳо ва шароити таҳсил дар Русия аст.

«Ҳамасола 5-7 ҳазор нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ба ихтисосҳои гуногун ба мактабҳои олии Русия мераванд. Таҳсили тақрибан 70 фоизи онҳо аз ҳисоби буҷет ва 30 фоизашон шартномавӣ бо пардохти маблағ сурат мегирад», – иброз дошт номбурда.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муаррифии шароити таҳсил дар мактабҳои олии Русия

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти Вазорати маориф,  айни замон Тоҷикистон ба геологу энергетик ва муҳандисон ниёз дорад, лекин довталабон бештар ба соҳаҳои тиб, иқтисод, дизайн ва ҳуқуқшиносӣ афзалият дода, шумори хоҳишмандони таҳсил бо ихтисосҳои техникӣ низ кам нестанд.

«Имсол дар давраҳои интихобӣ беш аз 3 ҳазор нафар довталабон аз рӯи квотахои ҳукумати Русия ширкат варзида, барои гирифтани  1 квота (дар маҷмӯъ – 618 квота) 5-6 нафар довталабӣ карданд», – илова кард роҳбари намояндлагии Россотрудничество.

Зимни суҳбат бо хатмкунанлагони мактабҳо ба мушоҳида расид, ки чанде аз онҳо забони русиро ба таври кофӣ намедонанд. Дар ин робита зикр шуд, ки дар мактабҳои олии Русия шуъбаҳои омодагӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо ба донишҷӯёни қабулшуда забони русӣ ва дигар фанҳои зарур барои касби интихобшударо меомӯзонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.