Роҳпаймоии рӯзи 1 майи иттифоқҳои касабаи Фаронса зидди ислоҳоти иқтисодии президенти ин кишвар Эммануэл Макрон бо бетартибӣ ва боздоштҳо анҷомид.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, наздики 1 ҳазору 200 нафар тундгарои ниқобпӯш сӯи пулис санг ва "коктейли Молотов" ҳаво доданд.
Анбуҳи эътирозгарон бояд аз майдони Бастилия то майдони Италия роҳпаймоӣ мекарданд, аммо роҳпаймоии иттифоқҳои касабаро намояндагони ҳаракати тундгарои "Блоки сиёҳ" халалдор карданд. Онҳо айвонҳои мағозаҳову бонкҳоро тахриб ва қуттиҳои партовро оташ заданд.
"Блоки сиёҳ" бо даст доштанаш дар бетартибиҳои Гамбург дар тобистони соли 2017 дар рӯзҳои мулоқоти "Бистгонаи бузург" маъруф аст. Он замон бештар аз 70 пулис маҷруҳ шуда буд.
Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба радиои France Info баъди бетартибиҳо дар раҳпаймоӣ 102 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор доштааст, ки бетартибҳоро қотеъона маҳкум карда, масъулон ба хушунат ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.