Дар Ҷазираи калон, ки ба ҳайати Ҷазираҳои Гавайя шомил аст, вулкани Килауэа ба оташфишонӣ оғоз намуда, хурӯҷи он ба харобшавии 30 манзили зист боис гардид, менависад CA-News бо истинод ба хабаргузории Associated Press.
Айни замон хадамоти маҳаллии наҷотдиҳанда беш аз 1,7 ҳазор нафар, асосан сокинни маҳаллаи аҳолинишини Леилани-Эситейтро ба макони бехавф кӯчонидаанд.
Вулкани Килауэа яке аз фаъолтарини вулканҳои амалкунанда дар ҷаҳон мебошад. Баландии он 1247 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.