Сарбози қаторӣ Файзулло Бобоев моҳи октябри соли 1943 дар минтақаи Кривой Рог ба иҳотаи душманон афтода, бидуни ғизо 10 рӯз дар мавқеи худ истод, вале таслим нашуд.
Файзулло Бобоев моҳи марти соли 1921 дар ноҳияи Даштиҷум (феълан Ш.Шоҳин) ба дунё омада, соли 1942 ба ҷанг рафтааст. Дар корпуси танкии Фронти Марказӣ пулемётчик буд.
Муҳорибаи вазнину душвортарине, ки ӯ дар он иштирок кардааст, моҳи октябри соли 1943 ба вуқуъ пайвастааст. Гурӯҳи аскарони шӯравӣ ба иҳота афтода, душманон онҳоро нобуд ё асир гирифтанӣ мешуданд, лекин сарбозони шӯравӣ истодагарӣ мекарданд. Файзулло Бобоев худаш он рӯзҳоро чунин ба хотир меорад.
Баъди рахна шудани иҳота аскарон дар сафи пеши муҳориба Файзулло Бобоевро дарёфт мекунанд, ки қариб ба мурдан наздик расида, лекин пулемёташ дар даст буд. Баъди муолиҷа ӯ ба фронт баргашта, то Берлин расид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.