Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сирри садсолаҳо: коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сирри садсолаҳо: коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад?

Шуҳрат Шокирҷонов, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз аз тарзу усулҳои тайёр кардани коғази «абрешимӣ» танҳо устодони коргоҳи «Мерос» дар деҳаи Конигили назди шаҳри Самарқанд огаҳӣ доранд.

Дар гузориши аввали лоиҳаи нави «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо!) мо тасмим гирифтем, ки дар бораи тарзи қадимаи тайёр кардани коғази «абрешимӣ», ки дар саросари ҷаҳон ҳамчунин бо номи «коғази самарқандӣ» низ маъруф аст, маълумот диҳем.

Таърихи оғози истеҳсоли он ба қадре қадимаву пурасрор аст, ки бо камоли майл ба ин иқдом даст задем: мегӯянд, асрори истеҳсоли коғаз ба косибони Самарқанд дар асри VIII, вақте артиши чиниҳо ба сарзамини онҳо ҳуҷум мекунанд, маълум шудааст. Онҳо бар самарқандиҳо ғолиб омада натавониста, ба ивази зинда мондан, ба кушодани асрори тайёр кардани коғази мустаҳкаму дарозумр розӣ мешаванд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Коғази Самарқанд аълосифат,  пурбардор ва хушнавис буда, дар бисёр дастхатҳои қадим ба китобҳое дучор шудан мумкин аст, ки дар коғази Самарқанд таълиф шудаанд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардаанд. Маҳз дар ҳамин гуна коғаз хаттотон хушнависӣ кардаву наққошону расомон қаламкашӣ мекардаанд.

Имрӯз аз тарзу усулҳои тайёр кардани коғази «абрешимӣ» танҳо устодони коргоҳи «Мерос» дар деҳаи Конигили назди шаҳри Самарқанд огаҳӣ доранд. Зариф Мухторов, яке аз моликони коргоҳ ба мо дар бораи мо тарзу усул ва аз чӣ  тайёр кардани ин коғази хушсифат маълумот дод.

Хамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед! Ҳамчунин шумо метавонед аз роликҳои мо дар сомонаҳои худ истифода бурда, ба ин васила ба ҳамдигарфаҳмиву наздикшавии Душанбеву Тошканд, Хуҷанду Хива, Кӯлобу Бухоро, Хоруғу Самарқанд мусоидат намоед.

Тавассути суроғаҳои зерин метавонед бо мо дар тамос шавед: newspaper@asiaplus.tj и k.mahpora@gmail.com.