Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Сабзчашму малламӯй: аз кадом лиҳоз симои тоҷикон беназир аст? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сабзчашму малламӯй: аз кадом лиҳоз симои тоҷикон беназир аст?

Asia-Plus

Тоҷиконро маъмулан сиёҳабрӯву чашмкалон ва сабзина мегӯянд.

Аммо таҳқиқоти аксбардору мусаввир Аниса Собирӣ гувоҳи он аст, ки дар минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон метавон шахсонеро вохӯрд, ки ба қолабҳои маъмулӣ мутобиқ нестанд.

Гузориши навбатии лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом ҳамсояҳо!) перомуни беназирии симои тоҷикон ва дар куҷо вохӯрдан бо тоҷикони ғайримаъмулӣ бо тарзи ҳаёти аслӣ маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои таҳқиқоту омӯзиш Собирӣ панҷ соли ҳаёти худро сарф карда, беш аз 250 симои беназири тоҷиконро аз тамоми гӯшаву канори кишвар сабт кардааст. Аксу наворҳои ӯро асосан меҳмонони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, ки хостори бо худ ба ёдгорӣ бурдани натанҳо қисмате аз Тоҷикистон, балки «симоҳо»-и нотакрори онро низ доранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Агар дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи!» гузориш ё наворе доред, пас номаҳои шуморо бо суроғаҳои: newspaper@asiaplus.tj ва k.mahpora@gmail.com интизорем.

Бо истифода аз фурсат, ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Лоиҳаи «Салом, соседи!» баҳри боз ҳам бо ҳамдигар қарину наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.