Замоне агар дар хотиратон бошад, аз Белгия ба ҷумҳурӣ дарахтону гулҳо меоварданд. Мо бо ошуфтагӣ ҳисобу китоб мекардем, ки барои онҳо чӣ қадар маблағ сарф шуда бошад. Акнун барои ин зарурат намонд – боғпарваре дорем, ки кабудизоркунӣ (сабзгардонӣ)-и саросари кишварро танҳо бо нерӯи худ ният дорад.
Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо) мо шуморо бо профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ҳоҷинеъмат Усмонов шинос карданием, ки натанҳо растаниҳои нодири кишвар, балки гаронтарини онҳоро низ парвариш мекунад. Гулҳои ӯ аз 10 то 100 сомонӣ нарх доранд. Маҳз дарахтони ороишӣ ва гулҳои ӯ Кохи миллати моро зебу зинат медиҳанд.
Ҳамчунин боғи ӯ дар шаҳри Турсунзода ҷойи таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ аст. Маҳз назди ӯ донишҷӯён аз боғдорӣ, роҳу воситаҳои беҳтар кардани ҳосил ва мутобиқгардонии ниҳолу буттаҳои воридшуда ба кишвар сабақ меомӯзанд.
Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст, шумо метавонед ҳамеша дар алоқа бошед! Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар, ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст! Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].