Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30 май бо мудири кулли ширкати “Росатом” Алексей Лихачев мулоқот кард.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Мирзиёев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои Ӯзбекистону Русия дар бахши истифодаи нирӯи атомӣ, аз ҷумла ҷузъиёти тарҳи сохтмони нирӯгоҳи атомиро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад дар ин росто ҳамчунин масоили омода кардани мутахассисони миллӣ ва таъсиси ширкати миллие низ баррасӣ шуд, ки минбаъд масъули рушди тарҳ дар кишвар ва масоили марбут ба сармоягузории мешавад.
Қайд мешавад, ки намояндагони ширкати русӣ бори дигар омодагии худро барои шарикии стратегӣ бо Ӯзбекистон дар сохтмони нирӯгоҳи атомӣ баён доштанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар ин мулоқот макони сохтмони Нирӯгоҳи атомии Ӯзбекистон муайян карда шуда, нахустин нирӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ бунёд хоҳад шуд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки барои баррасии тарҳи бунёди нирӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон ду гуруҳи давлатӣ таъсис дода шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.