spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ошкор шудани куштори даҳҳо тифлони навзод дар яке аз таваллудхонаҳои хусусии Самарқанд

Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон дар бораи як парвандаи даҳшатовари харидуфурӯш ва куштори ваҳшиёнаи кӯдакони навзод дар як таваллудхонаи хусусӣ дар Самарқанд хабар доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба рӯзномаи "Ҳуқуқ”, додгоҳи вилояти Самарқанд мудири ин таваллудхона Нигора Солихоноваро ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Чанд корманди дигари ин таваллудхона низ маҳкум ба солҳои мухталифи маҳбас шудаанд.

Муаллифони мақола – муфаттиши додситонии вилояти Самарқанд Асомиддин Сайфиддинов ва тергавчии ин идора Умедҷон Ҳакимов навиштаанд, ки таваллудхонаи шахсии Нигора Солихонова асосан ба аборт (исқоти ҳамл) машғул буд, вале дар рафти тафтиш маълум шуд, ки дар ин ҷо ба ҷиноятҳое, ки ақли инсон бовар намекунад, даст мезаданд..

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сокини Истаравшан тифли навзоди худро куштанӣ шуд

Аз ҷумла роҳбарони таваллудхона барои кӯдаконе, ки дар натиҷаи ба таври сунъӣ қатъ кардани ҳомилагӣ зинда ба дунё меомаданд, ҳуҷҷатҳои сохта омода карда, онҳоро ба оилаҳои муҳтоҷи фарзанд дар ивази пул мефурӯхтанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, соҳибони таваллудхона барои ҳар кӯдак аз волидони ба нохуни фарзанд зор аз 500 то 2000 доллар мегирифтанд.

Агар кӯдакон ба фурӯш намерафтанд ё сари вақт харидор пайдо намешуд, он гоҳ ин тифлони бечораро бидуни нигоҳубин мегузоштаанд ва баъди мурданашон дар бухорӣ (печка)-е, ки дар асл барои сӯзондани лавозимоти тиббӣ (бинт, пахта, сӯзандору…) буд, оташ мезадаанд. Аз даруни бухорӣ(печка)-и таваллудхона ҷасади сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

Вақте кирдори кормандони ин таваллудхонаи хусусӣ ошкор шуд, муфаттишон аз бухории таваллудхона боқимондаҳои ҷасадҳои сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...