Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ шумори боздиди сайёҳон аз Ӯзбекистон қариб ду баробар – то 2 млн. 689 ҳазор нафар афзуд.
Афзоиш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар – 91,6% аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, шумори сайёҳон ба таври қобили мулоҳиза аз кишварҳое, ки бо онҳо реҷаи бераводид ҷорӣ шуд, зиёд шудааст. Аз ҷумла, аз Туркия (31966, +95,6%), Япония (6200, +68,1%), Исроил (3615, +86,2%), Индонезия (750, беш аз 3 баробар), Сингапур (424, беш аз 2,5 баробар).
Моҳи июн ҳамчунин афзоиши шумори шаҳрвандони ба кишвар воридшуда аз Ҷумҳурии Корея (57,5%) ва Малайзия ( 2,6 баробар) ба қайд гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз 10 феврали соли 2018 Ӯзбекистон барои шаҳрвандони 7 кишвар – Исроил, Индонезия, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Японии (ҳамагӣ 16 давлат) ба муҳлати 30 рӯз реҷаи бераводид ҷорӣ намуд. Ҳамчунин аз 10 феврал дар Ӯзбекистон тартиби соддашудаи ба расмият даровардани раводидҳои сайёҳӣ барои 39 кишвар (ҳамагӣ 51 давлат) низ ҷорӣ шуда, аз 15 июл ҳамаи раводидҳои транзитӣ барои 101 кишвар бекор шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед