Обхезии пуриқтидор дар Ҳиндустон ҷони беш аз 400 нафарро рабуда, амалиёти бузургмиқёси наҷотдиҳӣ аллакай зиёда аз як ҳафта боз идома дорад, лекин маҷрои об чунон калону босуръат аст, ки ба наҷоти одамон фурсат намемонад.
Даҳҳо ҳазор нафар дар хонаҳои обзеркарда кумакро интизоранд, хабар медиҳад Euronews. Шумори ба макони бехавф кӯчидашудагон ба 1 млн. 800 ҳазор нафар наздик мешавад. Манзилҳои онҳоро боришоти шадид ва обхезии азим комилан вайрон кардааст.
Тамоми артиши Ҳиндустон имрӯзҳо бо обхезӣ мубориза дорад, вале одамон низомиёнро интизор нашуда, ҳамдигарро наҷот медиҳанд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ гуфтаанд, ин пуриқтидортарин обхезӣ давми 100 соли охир аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.