Дар доираи густариши ҳамкориҳо бо Кобул дар самти муборза бо терроризм Чин ба сохтмони аввалин пойгоҳи ҳарбӣ-тамринӣ оғоз кард. Пойгоҳ дар вилояти Бадахшон, дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон сохта мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба газетаи South China Morning Post.
«Сохтмони пойгоҳ оғоз шуд. Барои таълиму омодагии ҳамтоҳои афғони худ Чин ба он ҷо ҳадди ақал як баталонро бо аслиҳаву муҳимот ва таҷҳизот мефиристад», – изҳор доштааст ба нашрия яке аз манбаъҳо.
Пойгоҳ дар долони Вахон ҷойгир хоҳад шуд, ки бо се давлат – дар шимол бо Тоҷикистон, дар ҷануб бо Покистон ва дар шарқ бо Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин ҳамсарҳад аст.
Тавре нашрия қайд мекунад, ин аввалин ҳолати ҳузури ҳарбии Чин дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон аст.
Вазорати мудофиаи Чин то ҳол расман нақшаи таъсиси пойгоҳи ин кишварро дар Афғонистон тасдиқ накардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.