Имрӯз дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» – и пойтахт бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Иди харбуза ва намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Дар намоишгоҳ ҳамаи навъҳои маҳсулоти полизӣ – харбузу тарбуз ва каду ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд. Харбузаҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд: зардаш хатлониву суғдиаш сабзчатоб.
Майдони маҷмааи савдои “Меҳргон” дар ҷашни Иди харбуза серодам буд. Мардум натанҳо барои тамошои навъҳои гуногуни маҳуслоти полизӣ, балки барои харид низ омада буданд, зеро нисбат ба бозорҳо ин ҷо нарх пастттар буд.
Қобили зикр аст, ки харбузаҳо аз 7 то 15 сомонӣ ва тарбузҳои имсол хеле камёфту гарон аз 8 то 10 сомонӣ нарх доштанд. Таҷлили ид давом дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.