Бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд дар маҳаллаи Себзор сохта шуда, аз рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ин мавзеъ кӯчонидани хонаҳо оғоз гардидааст, хабар медиҳад Газета.uz.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба «Газета.uz» дар ин робита хабар додааст, ки ба ҷойи 79 хонаҳои кӯчонидашуда бинои сафоратхонаҳои Ҳиндустон, Чин ва Тоҷикистон сохта мешаванд.
“Бо назардошти дар паҳлӯи ин мавзеъ воқеъ будани бинои сафоратхонаи Қазоқистон, метавон гуфт, ки дар ин ҷо квартали дипломатии начандон бузург қомат меафрозад”, – қайд кардааст Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев.
Гуфта мешавад, дар ин 79 хона 370 нафар сабтином шуда, барои онҳо дар биноҳои сохтмонашон нав 240 хона ҷудо гардидааст, иттилоъ медиҳад нашрия. Дар маҷмӯъ ҷудо кардани 251 хона дар назар аст. Хонаҳо дар маҷмааи истиқоматии “Мегаполис” дар ноҳияи Юнусобод ва манзилҳои Golden House ҷудо карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҷонибҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки барои сохтмони бинои сафоратхонаҳои кишварҳо дар марказҳои пойтахти ҳарду кишвар қитъаҳоизамин ҷудо карда мешавад.
Барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мешавад. Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.