Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Робот-пешхизмат, энергия аз партов: озмуни навоварону ихтироъкорони ҷавон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Робот-пешхизмат, энергия аз партов: озмуни навоварону ихтироъкорони ҷавон

Парвиз Турсунов, Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 12 октябр таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ кард.

Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд. Корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи толибилмони мактаб ва донишҷӯён қариб тамоми самтҳои муҳими илму техникаи муосир – физика, кимиё, механика, дорусозӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои маиширо фаро мегиранд.

Миёни корҳои пешниҳодшуда роботҳои иҷрокунандаи вазифаҳои гуногун, барномаҳои забономӯзӣ ва тарҷума, генераторҳо, дастгоҳи ҷамъоварии оби борон ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Созмондиҳандагони чорабинӣ қайд мекунанд, ки ҳадаф аз баргузории озмун-фестивал ошкор намудани имконоти наврасону ҷавонон дар навовариву ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии нияти онҳо ба ин кор дар самтҳои гуногуни техникӣ мебошад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Зикр шуд, ки намоишгоҳи навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ҳамчунин ба пешбурди афкори инноватсионӣ мусоидат намуда, барои толибилмону ҷавонони қобилиятнок таконе барои интихоби касби ояндаашон шуда метавонад.

Барои наврасони то 14-сола ва ҷавонони аз 15 то 30-сола се ҷоиза муқаррар шудааст. Ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои фестивал, туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва мукофотпулиҳо аз сарпарастони озмун аз қабили Бонки байнулмилалии Тоҷикистон,  Бонки Эсхата, ширкатҳои Tcell, "Авесто групп", «Барф», «555», Сатурн-1, «Шамс ва Ко», Сомон Эйр, «Хуаксин Ғаюр цемент», Coca Cola ва ғайра сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.