Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи сипаришуда нахустин Фетсивали байнулмилалии “Чакан” баргузор шуд. Дар он натанҳо ҳунармандону косибони халқӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои хориҷи дуру наздик низ ширкат варзиданд.
Мо аз ин чорабинии пуршукӯҳ боздид намуда, хеле чизҳои наверо барои худ кашф кардем, аз ҷумла доир ба ҳунармандиву косибӣ дар Ӯзбекистон, зеро ҳадафи лоиҳаи мо “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо!) ҳарчи бештар наздиктар кардани ду халқи бо ҳам бародар – тоҷикону ӯзбекон аст.
Тибқи маълумоти созмондиҳандагони чорабинӣ, рӯзҳои истироҳат аз ин фестивал наздики 5 ҳазор нафар боздид намудаанд. Байни на камтар аз 100 нафар иштирокчиёни чорабинӣ натанҳо ҳунармандону косибони Ӯзбекистон, балки аз Эстония, Украина ва ИМА низ намояндагон ҳузур доштанд.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст, шумо метавонед ҳамеша дар алоқа бошед!
Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар, ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!
Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.