Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Эмомалӣ Раҳмон ба пахши барномаҳои ТВ Суғд бо формати HD оғоз бахшид

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони “Суғд” дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшид.

Гуфта мешавад, бино аз ду ошёна ва 24 утоқи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад. Айни ҳол дар шароити имрӯзаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он бошад, 58 нафар фаъолият доранд. Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ барномаҳоро омода ва давоми 18 соат пахш мекунад.

Сипас бо ҳузури Сарвари давлат дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳр дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин шароити беҳтарину арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 синфхона, аз ҷумла 30 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биология муҷаҳҳаз бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ, утоқҳои корӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир бунёд шудааст. Дар таҳхонаи Гимназия 13 синфхона, 1 анбор ва 5 ҳуҷраи техникӣ мавҷуд аст.

Муассисаи таълимии мазкур ҳамчунин дорои ошхона барои 120 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст, китобхона дорои 15 ҳазор китоби дарсӣ ва 5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад. Акнун бо бунёди ин муассисаи таълимӣ 70 нафар омӯзгор ва 10 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар идома Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҶСК «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (32)
































Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман густурдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Президент иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.

Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.

Дар ин корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шуда, ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад ва ба таъкиди мутахассисон дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат таъкид дошт, ки ар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат шароити муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд торафт беҳтар шуда истодааст.

“Дар ин раванд, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои 3400 нафар хонанда ба маблағи умумии 325 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, – гуфт ӯ. – Тибқи нақша то охири соли равон дар вилоят боз 47 иншооти нави соҳаи маориф бо муҳайё сохтани 7 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад”.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...