spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия

Ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ бо истинод ба Reuters дар ин робита хабар медиҳад, ҳавопаймо бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.

Гуфта мешавад, бино ба гузориши нашрияи Straits Times ҳавопаймои Boeing 737 бо хатсайри JT-610 аз Ҷакарта ба самти шаҳри индонезии  Панкалпинанг воқеъ дар ҷазираи Банка равон шуда буд. Соати  6.20 бо вақти маҳаллӣ парвоз кард ва соати 6.33 аз назари радарҳо ғайб зад.

Ҳамчуноне иттилоъ дода мешавад, ҳавопаймо бо 189 нафар ба ҳаво хест, аз 181 мусофири он 3 нафарашон кӯдакон будаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳалокати 257 кас бар асари садамаи ҳавопаймо дар Алҷазоир

Бино ба хабари пойгоҳи иттилотии Flightradar ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи ҳавпаймои сарнагуншуда оғоз шудааст.

Lion Air —калонтарин ширкати ҳавопаймоии Индонезия буда, ба 126 фурудгоҳҳои азими олам парвозҳо ба роҳ мондааст.  Аммо ин ва ширкати ба он наздики Wings Air аз парвоз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудаанд.

Моҳи апрели соли 2013 Boeing 737-800 – и ин ширкат дар тункобҳои наздикии Денпасар ба замин нишаст ва ба ду қисм тақсим шуд. Ҳамаи 108 мусофири он зинда монда буданд.

Бино ба охирин хабари телевизиони Mash наҷотдиҳандагон дар макони суқути ҳавопаймо ба берун овардани он аз об оғоз кардаанд.  Аммо тафсири ин хабар ҳанӯз интишор наёфтааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...