Кормандони мақомоти интизомии вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо Қуръон савганд ёд карданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд.
Аксе, ки лаҳзаи маросими "савгандёдкунӣ"-и як корманди милисаи ноҳияи Юкоричирчикро сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.
Гуфта мешавад, дар ин робиата як манбаъ қайд кардааст, ки ин маросим дар ҳузури сархатиби ноҳия барпо шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар доданд, ки маросими савгандёдкунии кормандони милиса дар доираи барномаи мубориза бо фасодкорӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдрас мешавад, ки миёнаҳои моҳи ноябри имсол дар бархе аз вилоятҳои Ӯзбекистон кишоварзон низ ба ҳамин тартиб савганд ёд карда буданд. Онҳо савганд хӯрданд, ки ба касбашон содиқ мемонанд, барои рушди кишвар саҳм мегузоранд ва фасодкорӣ намекунанд. Ба ҷуз аз кишоварзон табибон ҳам чунин савганд хӯрда буданд.