Дар хиёбони Мустақиллиқ назди Қасри эҷодиёти ҷавонони шаҳри Тошканд арчаи 35-метраи асосии солинавии Ӯзбекистон гузошта шуд.
Дар паҳлӯи он ҳамчунин арчаҳои баландишаон 8-метра низ гузошта мешаванд. Корҳои зебу зинат додани арчаи асоси кишвари ҳамсоя алҳол идома доранд.
Ғайр аз ин, дар гирду атрофи арчаи солинавӣ ташкили наздики 50 нуқтаи фурӯши ҳамаи асбобу лавозимоти зарурӣ барои тамошои чорабинии солинавӣ дар назар аст, хабар медиҳад upl.uz.
Қобили зикр аст, ки Душанбе аввалин шуда байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арчаи солинавии асосии кишварро гузошт, ки баландтарин дар таърихи Тоҷикистон – 28 метр аст.
Дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек арчаи солинавиро рӯзи 10 декабр гузоштанд. Баландии он – 25 метр ва масоҳаташ – 12 метрро ташкил медиҳад.
Мебояд гуфт, маъракаи гузоштани арчаи солинавиро дар Бишкек бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд: ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо маҳдуд шуда, сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Санаи 10 декабр низ дар майдони “Ала-Тоо” ба ин монанд чорабинӣ доир гардид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.