spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Авфи наздики 800 нафар маҳбусон ба муносибати Рӯзи бетарафии Туркманистон

Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар ин кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд.

"Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТДХ.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд.

"Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд", – гуфтааст президенти Туркманистон.

Хотиррасон мешавад, ки соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеч кадом аз "зиндониёни сиёсӣ" набуданд.

Рӯзи бетарафӣ 12 декабр (туркманӣ – Bitaraplyk baýramy) дар Туркманистон аз нигоҳи муҳимият дуюмин иди давлатӣ ба шумор меравад. Санаи 12 декабри соли 1995 дар иҷлосияи 50-уми Мачмаи Умумии СММ қатънома қабул шуд, ки дар он аз пешниҳоди Туркманистон ба сифати давлати дорои мақоми бетарафии доимӣ ҷонибдорӣ шуд.

Мувофиқи ин қатънома, Туркманистон давлати бетараф дониста шуда, уҳдадор мешавад, ки дар низоъҳои мусаллаҳона иштирок накарда, ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...