Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ моҳи август ба истифода дода мешавад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ моҳи август ба истифода дода мешавад

Парвиз Турсунов, Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он дар як вақт наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд, идома дорад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд,  амалӣ мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе (АКСҲО)

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Айни замон дар иншооти мазкур беш аз 300 нафар устоҳои бинокор аз саросари кишвар, ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ машғули кор буда, то имрӯз аллакай зиёда аз 70 фоизи корҳо ба иҷро расидаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2019 дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.