Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Тарзҳои ҳимояи шахс бо кумаки ҳуқуқшиноси давлатӣ - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тарзҳои ҳимояи шахс бо кумаки ҳуқуқшиноси давлатӣ

Дар 18 шаҳру навоҳии озмоишии кишвар дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 30 нафар ҳуқуқшиносон машғули фаъолият буда, кумаки бепули ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд.

Чунин дафтарҳои корӣ ҳамагӣ 24-тоанд ва дар ҳар кадоме аз онҳо сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ масоили ҷиддиеро ҳал мекунанд, ки сатҳи некӯаҳволиашон ба он вобаста аст. Яке аз чунин ҳодисаи воқеиро мо кӯшиш кардем, ки бо ёрии ролики тасвирӣ нишон диҳем.

Дафтарҳои кории ҳуқуқшиносии таъсисёфта фаъолияти худро дар доираи Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ бо мақсади рушди низоми давлатии кафолатноки расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба оилаҳои камбизоат ва қишри осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ мекунанд.

Баҳри амалисозии ҳадафҳои Консепсия ҳукумат дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии “Маркази кумаки ҳуқуқӣ” таъсис дод, ки фаъолияти дафтарҳои кории давлатии маҳалҳоро назорату танзим мекунад.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аллакай метавонад барои кумак ба Дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, комилан бепул аз кумаки аввалияи касбии ҳуқуқӣ баҳравар шавад. Ва ин низом натиҷа меорад: бо кумаки ҳуқуқшиносон одамон мушкилоти ҳуқуқии худро пурсамар ҳал мекунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.