Дар кони истихроҷи тиллои музофоти Кӯҳистон (Kohistan) дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон дар вилояти Бадахшон беш аз 31 нафар маъданчиён ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 11-и субҳи рӯзи якшанбе, 6 январ рух додааст, менависад хабаргузории “Фергана”.
Тибқи маълумоти дастгоҳи волӣ, боз 15 нафари дигар ҷароҳатҳо бардошта, бо ҳолати вазнин дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Вакили маҳаллӣ Фавзия Кофи (Fawzia Kofi) изҳор доштааст, ки шумори ҳалокшудагон то ба 40 нафар расида, ҳамчунин дар натиҷаи афтодани дастгоҳи резакунӣ боз 19 маъданчӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Дар изҳороти дастгоҳи президент гуфта мешавад, барои тозакунии харобаҳову кӯҳпораҳои афтода ба ин минтақа наҷотдиҳандагон сафарбар шудаанд.
Вилояти Бадахшони кишвари ҳамсоя бо конҳои канданиҳои фоиданок маъруф буда, лекин аз камтаваҷҷуҳии ҳукумат ва имкон надоштани танзими истихроҷи он минтақаи қашшоқ боқӣ мемонад. Аксари конҳо дар мавзеъҳои зери тасарруфи гурӯҳҳои мусаллаҳи гуногун воқеъ буда, сарварони онҳо ғайриқонунӣ ба истихрочи канданиҳои фоиданоки қиматбаҳо машғуланд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.