Дар Ӯзбекистон раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов дар рафти омодагиҳо барои бозиҳои Лигаҳои олӣ-2019 тамоми соҳибкорони вилоятро вазифадор кард, ки дастаи футболи "Андиҷон"-ро ҷамъан 8,5 миллиард сӯм (964 ҳазор доллар) "сармоягузорӣ" кунанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар феҳристи шашсаҳифагии ҳукумати вилояти Андиҷон номи 167 корхона ва ширкате оварда шудааст, ки бояд "андози футбол"-ро супоранд. Як мансабдори Андиҷон низ тасдиқ кард, ки ба соҳибкорон пешниҳод шудааст, то ба дастаи маҳаллии футбол "кумак" кунанд.
Як манбаи огаҳ аз ин қазия изҳор доштааст, ки сармоягузори аслии даста – ширкати GM Uzbekistan пулро пардохт накардааст ва бинобар ин, раиси вилоят пулро бар зиммаи соҳибкорони маҳаллӣ бор кардааст.
Гуфта мешавад, Абдураҳмонов 9 январи соли равон дар як вохӯрии худ мушкилиҳои моддиву техникии дастаи футболи "Андиҷон"-ро баррасӣ кардааст. Дар поёни ҷаласа рӯйхати 167 корхонае тартиб дода шудааст, ки бояд ба дастаи футбол кумаки моддӣ расонанд. Раҳбарони корхонаҳо муваззаф шудаанд, ба ҳисоби даста маблағ ворид кунанд.
Соҳибкорони Андиҷон мегӯянд, баъди ин ҷаласаи раиси вилоят ба онҳо фишор меоранд, то пулро тезтар пардохт кунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси фармони президенти Ӯзбекистон аз 9 марти соли 2017, GM Uzbekistan сармоягузори аслии дастаи футболи Андиҷон таъйин шудааст. Намояндаи ширкат гуфт, онҳо дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд ва бинобар ин, наметавонанд, дастаро сармоягузорӣ кунанд.