spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дарёфти ганҷинаи қадимаи арзишаш беш аз 1 млн. доллар дар маркази Тошканд

Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

"Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат маҳкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", – овардааст хабаргузорӣ навиштаҳои расонаҳои Ӯзбекистонро.

Гуфта мешавад, миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зеваролот мавҷуд аст. Миёни онҳо ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳӣ низ ҳаст. Ин ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (21)





















Зимнан зикр мегардад, ки миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...