Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кард. Дар мулоқот асосан ба рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ таваҷҷуҳ шудааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон Олмонро яке аз шарикони калидии худ дар бахши технология ва сармоягузорӣ медонад.
Ҷонибҳо рушди босуръати табодули тиҷории ду кишварро, ки беш аз 700 миллион евроро ташкил медиҳад, қайд карда, гуфтаанд, ки барои расонидани он то ба 1 миллиард евро тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.
Дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир 132 ширкат бо иштироки сармоягузорони олмонӣ фаъолият мекунад. 33 тои онҳо пурра бо сармояи шаҳрвандони Олмон фаъолият доранд. Бонки марказии Ӯзбекистон бо 57 бонки Олмон робитаро ба роҳ мондааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд. Мирзиёев ба ҳукумати Олмон барои мусоидат дар муайян кардани оқибатҳои манфии фоҷеаи баҳри Арал миннатдорӣ баён кардааст.
"Қайд гардид, ки дар Ӯзбекистон беш аз 8 ҳазор олмонитабор ба сар мебаранд ва тамоми шароит барои рушди фарҳангу русуми миллии онҳо фароҳам аст. Беш аз 400 ҳазор донишомӯзи ӯзбек забони олмониро меомӯзанд. Ахиран дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро баъзе аз мактабҳо ба номи донишмандон ва тафаккурони олмонӣ гузошта шуданд", – афзудааст дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Дар ҷараёни сафари расмии Мирзиёев ба Олмон, ки рӯзҳои 20-22 январ сурат мегирад, миёни ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, тиҷорат, маориф ва илм имзо шудааст.