Туркманистон эълом кард, ки сармоягузории Академияи илмҳои ин кишварро тадриҷан қатъ мекунад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо ин амал Туркманистон талош дорад, иқтисоди кишварро тақвият бахшад ва дар пасманзари коҳиши бахши энержӣ пулро сарфа кунад. Сармоягузории давлатии Академияи илмҳо дар зарфи се сол зина ба зина қатъ карда мешавад.
Гуфта мешавад, дар натиҷа 26 институти илмиву таҳқиқотӣ ва Хадамоти давлатии зилзилашиносӣ аз пуштибонии давлат маҳрум мешаванд. Академияи илмҳо ҳамчунин комисияи илмии аттестатсионии Туркманистон, 17 мактаби олӣ, 2 маркази таҳқиқотии тиббӣ, 1 китобхона ва 2 нашриётро дар ҳайати худ дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки Академияи илмҳои Туркманистон соли 1998 як маротиба аз пуштибонии давлатӣ маҳрум шуда, танҳо бо пуштибонии ҷамъиятӣ фаъолият мекард. Вале соли 2009 президенти нави кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов онро барқарор кард. Академияи илмҳои Туркманистон соли 1951 дар шаҳри Ишқобод таъсис шудааст.