Теъдоди қурбониёни ҷанги чандинсола дар Афғонистон афзоиш меёбад. Бибар маълумоти Дафтари СММ соли гузашта дар ин кишвар 3804 нафар, аз ҷумла 927 кӯдак кушта шудаанд. Онҳо қурбонии амалиётҳои гуруҳҳои мусаллаҳ ва неруҳои ҳукуматӣ шудаанд, гуфта шудааст дар сомонаи СММ.
Бибар маълумоти СММ теъдоди сокинони Афғонистон, ки соли 2018 кушта шудаанд, нисбат ба соли 2017 11 дарсад бештар аст. Соли гузашта дар ин кишвар 3804 нафар, аз ҷумла 927 кӯдак кушта шудаанд. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон бошад 5 дарсад афзоиш ёфта, ба 7 189 нафар баробар шудааст.
“Маълумотҳои ҳисоботӣ, ки мӯшикофона санҷида шудаанд, ҳолати фалокатборро нишон медиҳанд”,- иброз намуд роҳбари Дафтари СММ оид ба ҳамкорӣ бо Афғонистон, намояндаи вежаи Котиботи генералӣ Тадамичи Ямамото. Ӯ чунин ранҷ кашидани мардуми Афғонистонро ғайри қобили таҳаммул донист.
Дар ҳисоботи Дафтари СММ гуфта мешавад, ки аз се ду ҳиссаи нафарони зарардида, қурбонии гуруҳҳои силоҳбадаст, аз ҷумла Толибон ва ДИИШ гаштаанд. Инчунин, сокинони осоишта аз амалиётҳои неруҳои ҳукуматӣ ва эътилофи ҷонибдорӣ онҳо низ ранҷ мебаранд.
СММ сабаби афзоиши теъдоди қурбониён ва ҷароҳатбардоштагонро дар зиёд гардидани амалиётҳои террористӣ ва ҳамчунин, бомбборони ҳавоӣ ва амалиётҳои иктишофии неруҳои ҳукуматӣ маънидод кардааст.
“Низоъ дар Афғонистон ҷони сокинони осоиштаи зиёдро гирифта, ба равони мардуми Афғонистон таъсири манфӣ мегузорад”,-гуфт Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет.
“Оне, ки имсол шумори рекордии кӯдакон қурбон шудаанд, маро ба ҳайрат овард”,-илова намуд Бачалет ва ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳамла ба мактаб ва муассисаҳои тиббӣ ҳазорҳо нафар кӯдакон барои як умр маъюб шудаанд.
Муддати 10 соли охир дар Афғонистон беш аз 32 ҳазор нафар сокини осоишта кушта шуда, наздики 60 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.
“Вақти поён додан ба ин фоҷеа расидааст”,-зикр намуд Ямамичи Тадомото. – Роҳи ягонаи ҳимояи сокинони осоишта – қатъи амалиётҳои ҷангӣ, илова намуд ӯ ва даъват кард, ки барои пойдории сулҳ дар ин кишвар тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.