Аксари мошинҳо дар вақти корӣ дар ҷойҳои манъшуда гузошта шуда буданд ва бештари онҳо, бо эҳтимоли зиёд, ба мансабдорон тааллуқ доштанд.
Шуруъ аз 19 феврал дар Душанбе амалиёти “Роҳрав” ҷараён дорад. Дар рафти ин амалиёт шахсоне, ки мошинҳои худро дар ҷойҳои манъшуда – роҳравҳо, гузаргоҳи пиёдагард мегузоранд, муҷозот мешаванд.
Ба гуруҳи кории махсус ташкилшуда ғайр аз кормандони мақомоти интизомӣ, фаъолони ҷамъиятӣ ва журналистон низ шомил гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми дар ҷойи манъшуда гузоштани мошин, он ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бурда шуда, ронандаи он муҷозот мешавад.
Аз аксҳои бардоштаи суратгири мо маълум мешавад, ки вазъ ҳоло ҳам тағйир наёфтааст. Гузашта аз ин, қоидаҳои таваққуфи мошинҳо бештар дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ вайрон карда мешавад.