spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунат замимаи алоҳида фаъол намуд

Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ замимаи SILSILA-ро фаъол намуд, хабар медиҳад Takiedela.ru.

Дар замимаи мазкур ҳамчунин “тугмаи ташвиш“ (тревожной кнопки) фаъол карда шудааст, ки бо ёри он имкони маълум намудани мавзеи қарордошта мавҷуд аст. Дар замима нишонаи марказҳои буҳронӣ дар Маскав ва Санкт – Петербург зикр гардидааст.

Замимаро дар Google Play ва App Store боргирӣ намудан мумкин аст.

Ғайр аз замима, сароянда ба суруди “Модар” (Мама), ки ба мушкили хушунат бахшида шудааст, клип сабт намудааст. Дар навор писарбачае кӯшиш мекунад модари худро аз ҷаҳолати падар ҳимоя кунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳамчунин, зери навор навиштаҷоти “дар Русия ҳар рӯз 36 ҳазор зан аз ҷониби шавҳарони худ латукӯб мешаванд, солона дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ аз 12 то 14 ҳазор зан вафот мекунанд” пайдо мешавад.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Роҳандозии фаъолияти ҳуҷраҳои кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар саросари кишвар

Солии 2016 дар Русия ҳамин гуна замима бо номи «Насилию.нет» фаъол карда шуда буд. Истифодабарандагон метавонанд рӯйхати нафарони боварибахши худро тартиб дода, матн бо хоҳиши кӯмакро ворид намоянд. Ва дар сурати пеш омадани зарурат тугмаи ташвишро пахш намуда, матлабро ирсол намоянд ва мавзеи худро маълум кунанд.

Роҳбари маркази «Насилию.нет» Анна Ривина навишт, ки замимаи Манижа нусхаи замимаи онҳо аст. Созандаи ҳар ду замима “Айпартнер Бинет” аст. Намояндаи ин ширкат мегӯяд, ки “замимаҳои ба ҳам монанд зиёд сохта мешаванд” ва “ин берун аз доираи қоида ё ахлоқ нест”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...