Ширкати расонаҳои “Вечёрка” баҳри ҳимоя аз ҳайвонҳои бесоҳибу дайду таҳти унвони “Онҳо ҳам дар Душанбе зиндагӣ кардан мехоҳанд” як лоиҳаеро роҳандозӣ намуда, дар доираи он бо номи “Охир ту ҳам дӯст дошта метавонӣ” тақвим нашр намуд.
Дар тақвими таҳияшуда барои солҳои 2019-2020 суратҳои шахсони маъруф ва соҳибэҳтироми шаҳри Душанбе бо ҳайвонҳои дӯстдоштаи онҳо дарҷ ёфтааст.
“Ин яке аз қисматҳои маъракаи бузургест, ки ҳадафи он даъвати мардум ба ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати ҳайвонҳои бесоҳибу дайду ва омӯзиши кӯдакону калонсолон ба азобу азият надодани онҳо аст”, – мегӯяд сардабири газетаи “Вечёрка” Гулнора Амиршоева.
Бино ба гуфтаи ташаббускори таҳияи тақвим, ин иқдом ба хотири анҷом додани корҳои эҳсону хайрия нашр шуда, даромад аз фурӯши он ба кумаки ҳайвонҳое равона мегардад, ки дар паноҳгоҳи муваққатӣ қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.