Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷо бо ширкати “Оби Зулол” аксияи “Модарони Душанбе”-ро баргузор намуд. Автобуси идона зинатёфта тариқи роҳи хатсайри №3 дар маркази пойтахт равуо карда, мусофиронро бепул ба ҷойи дилхоҳашон мерасонд.
Марҳилаи дуюми аксия бозии туҳфаҳои арзишманд аст, ки дар барномаи мустақими радиои “Азия-Плюс” рӯи мавҷи 107 FM сурат мегирад. Мусофироне, ки ба рақамҳои махсус соҳиб шудаанд, яхдон, мошини ҷомашӯйӣ ва телевизор бурд карда метавонанд. Бозӣ мустақиман дар барномаи радиои “Азия-Плюс” ҷараён дорад.
Чорабинии мазкур бо дастгирии шаҳрдории Душанбе баргузор мегардад. Шарики генералии аксия – бузургтарин истеҳсолкунандаи оби нӯшокӣ дар кишвар – ширкати “Оби Зулол” ва ташғаи шинохтаи он «RC-cola», шарики расмӣ – ҶСП “Ташкилоти амонатии қарзии хурд ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”, шарикони аксия – фабрикаи қаннодии “555”, мағозаи техникаи “Синон” мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.