Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст.
Дар асл тақдири ин сароянда басо ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез аст: Қадами Қурбон, муаллими мусиқии деҳа, дар деҳаи худ, ҷануби кишвар зиндагӣ дошт. Дар тӯйҳои мардум сурудхонӣ карда, зиндагиашро пеш мебурд. Мардуми минтақа ӯро хеле зиёд дӯст медоштанд. Баъдан наворҳои сурудхонии ӯ ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва миллионҳо тамошобин пайдо кард. Ба ӯ рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мусоҳиба анҷом доданд ва аз ин пас ҳаёти ӯ тағйир ёфт. Баъзе аз “манаққидони санъат” сурудҳои ӯро бемаънӣ ва шухиҳояшро ноҷо арзёбӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод намуданд. Қадами Қурбонро он қадар зиёд танқид карданд, ки яке аз сарояндаҳои машҳури кишвар Олег Фезов маҷбур шуд аз ӯ ҳимоя кунад. Ҷонибек Муродов, сарояндаи дигари машҳури кишвар низ ба ҳимояи Қадами Қурбон садо баланд кард ва аз ӯ даъвати ҳамкорӣ намуд. Ширкатҳои бузург ҳам ба шуҳрати Қадами Қурбон таваҷҷуҳ карда, барои лавҳаҳои таблиғотии худ акси ӯро истифода намуданд.
Имрӯз ӯ ягона сарояндаи тоҷик аст, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион маротиба тамошо кардаанд. Аммо худи Қадами Қурбон ба шуҳрат таваҷҷуҳ надорад, дар бораи чанд миллион тамшобин доштани наворҳояш ҳам фикр намекунад. Ӯ то ҳол аз телефони оддӣ истифода менамояд.
14 барномаи консертӣ дар Маскав ва Санкт-Петарбург
Қадами Қурбон ба таври ба худ хос суруд мехонад. Дар сурудҳои ӯ ҳам хазлу шӯхӣ ҳаст ва ҳам ҳаракатҳои ҷолиб. Ӯ худ асбоби мусиқиро менавозад ва суруд мехонад. Бештар сурудҳои ҳиндиро бозхонӣ мекунад. Вақте мусиқӣ ба авҷ наздик мешавад, аз ҷайбаш тапончаи хурди кӯдаконаро бароварда, аввал раққосаро мепаронад ва сипас худро. Суруд қатъ мегардад ва ҳарду ба замин меафтанд. Баъд боз бархоста худ ба сурудхонӣ идома медиҳад, раққоса ба рақс. Тамошобинон ҳамагӣ механданду хушҳолӣ мекунанд, аммо худи ӯ ҷиддиятро нигоҳ медорад.
Вақте Олег Фезов аз Қадами Қурбон пуштибонӣ намуд, таъкид дошт, ки ӯ идомадиҳандаи санъати масхарабозон аст. Воқеан, имрӯз ӯ аз камтарин ҳунармандон аст, ки мардумро механдонад ва хушҳол месозад. На фақат дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам наворҳои Қадами Қурбонро тамошо мекунанд. Ӯ дар Маскав ва Санкт-Петарбург бо толорҳои пур барномаҳои консертӣ медиҳад.
– Қадам, дар бораи сафар ба Русия муфассалтар мегуфтед.
– 15 феврали соли равон ба Русия сафар доштам. Ин сафар бо хоҳишу кӯмаки муҳоҷирони тоҷик сурат гирифт. Маро дар ин сафар писарам Қаноат ҳамроҳӣ мекард. Ин аввалин сафари хориҷии ман буд. Дар фурудгоҳи Маскав моро Раҳматулло Мирзоев, бародари Сангалӣ Мирзоев пешвоз гирифта, тамоми муҳлати сафар ҳамроҳамон буд. Мо дар Русия 15 рӯз боқӣ мондем. Дар Маскав 12 ва дар Санкт-Петербург 2 барномаи ҳунарӣ баргузор кардем.
– Барномаҳои консертии худро дар кадом толор баргузор намудед? Муҳоҷирони зиёд иштирок мекарданд?
– Барномаҳои консертии мо аслан дар тарабхонаҳо баргузор гардиданд. Теъдоди иштирокчиёни барнома аз 200 то 500 нафар буд. То 3 соат менишастему суруд мехондем. Муҳоҷирон сурудҳои дилхоҳашонро фармоиш медоданду ман месароидам. Маҳфилҳои гарму самимӣ доир гардиданд. Онҳое, ки ҷой пайдо мекарданд менишастанд, онҳое, ки дертар меомаданду ҷойи нишаст намеёфтанд, мерақсиданд (механдад).
Дар барномаҳои консертии ман намояндагони миллатҳои гуногун иштирок доштанд. Бо ман сурат мегирифтанд, мерақсиданд, хурсандӣ мекарданд. Ҳарчанд баъзеи онҳо намефаҳмиданд, ки ман дар бораи чӣ мехонам, аммо бо шавқ хурсандӣ мекарданд.
“Бо аккордеон хоб мекардам”
Пас аз барномаҳои консертӣ дар Русия, Қадам ба деҳаи худ Чагам, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир аст, баргашт. Ин деҳа дар доманакӯҳ ҷойгир буда, метавон гуфт навбунёд аст. Ҳавлиҳои деҳа девор надоранд. Ҳама аҳлона, мисли хешу табор зиндагӣ доранд. Хонаи Қадами Қурбон ҳам оддӣ буда, атрофи ҳавлиаш девор надорад. Вақте ба хонаи Қадами Қурбон ворид шудем, ӯро машғули кор дар замини наздиҳавлигӣ дарёфтем. Ҳамроҳи фарзандонаш дарахт мешинонд.
– Қадам, чӣ тавр шумо ба санъат рӯй овардед ва оё дар ин ҷода устоде доред?
– Синфи 6 мехондам, ки дар ноҳияамон озмуни Бӯстон баргузор гардид. Бо аккордеон дар васфи ватан сурудеро иҷро кардам. Ҳакамони озмун ба ҳунари ман баҳои баланд доданд ва пас аз таърифу тавсифси зиёд дар қалби ман ба санъат меҳре пайдо шуд. Бисёр мехостам санъаткор шавам ва байни мардум машҳур гардам. Ин буд сабаби аслии ба санъат рӯй овардани ман.
Ман фақат мактаби миёнаро хатм кардаам. Ягон донишгоҳ ё донишкадаи мусиқиро нахондаам. Сурудхонӣ ва навозандагиро аз муаллими мусиқии мактаб омӯхтаам. Он кас бо падарам дӯстӣ доштанд ва иҷозат медоданд, ки аккордиони мактабро шабҳо ба хонаамон биёрам. Дар хонаамон бошад, бародарам – Нурмуҳаммад Қурбонов ба ман кӯмак мекард. Ӯ суруд намехонд, аммо асбоби мусиқӣ, аз ҷумла аккордионро хуб менавохт. Аз ин сабаб, ба ман кӯмак мекард, то навохтанро ёд гирам. Шабҳо аккордион менавохтам ва ҳатто бо он хобам мебурд. Ҳамин тавр навохтани асбоби мусиқиро омӯхтам.
– Аввалин маъракае, ки дар он сурудхонӣ кардед, кадом буд?
– Маъракаи ба аскарӣ гусел кардани ҷавони деҳа буд. Он замон, ҷавононро бо шукуҳу шаҳомат ба аскарӣ гусел мекарданд. Як рӯз пеш аз гусел кардан, пайвандони ҷавон сарояндаеро оварда, маъракаи хурсандӣ баргузор менамуданд. Он маъракаро “халтура” мегуфтанд. Ман сурудхониро дар ҳамин гуна “халтура”-ҳо оғоз кардам.
Баъд худам ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Ду сол хизмати Ватанро адо намуда, ба деҳа баргаштам ва боз ба сурудхонӣ идома додам. Аммо ин дафъа ба таври ҷиддӣ.
Шарифҷон Сангов ном тағобача доштам. Бо ӯ якҷо ба маъракаҳо мерафтем. Баъзан бародарам бо мо мерафт. Ҳатто як муддат баъзе аз дӯстонам бо ман ба маъракаҳо мерафтанд. Ҳоло бошад писарам бо ман ба маъракаҳо меравад ва сурудхонӣ мекунад.
– Дар ягон ҷо расман фаъолият доред?
– Аз соли 1997 дар мактаби миёнаи № 33-и деҳаамон ба ҳайси роҳбари маҳфили ҳаваскорони мактаб ва муаллими мусиқӣ кор мекунам. Ҳамаи чорабиниҳои мактаб бо иштирок ва роҳбарии ман мегузарад. Баъзан дар рӯзҳои ид ба қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ рафта, барномаҳои консертӣ баргузор менамоем.
“Ман тамошобинони хушҳолро дӯст медорам”
– Барои чӣ сурудҳои ҳиндӣ?
– Сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба сурудҳои ҳиндӣ тамошои филмҳои ин кишвари афсонавӣ мебошад. Вақте мактаб мехондам, ба деҳаамон филмҳои ҳиндиро оварда, намоиш медоданд. Ин солҳои 1980 буд. Мо – бачаҳои деҳа дар даст як пора нон ба тамошои филми нав мерафтем. Бо шавқ филми ҳиндӣ тамошо ва сурудҳои онро азёд мекардам. Баъдан онро дар маҳфилҳои мактаб месароидам. Ҳамин тавр ба бозхонии сурудҳои ҳиндӣ оғоз кардам, ки дар оянда кисми муҳими “репертуар”-и маро ташкил намуд.
– Дар мавриди репертуар гуфтед, мехостам пурсам, ки аслан сурудҳоро чӣ гуна интихоб мекунед?
– Ростӣ ягон усули махсуси интихоби сурудро надорам. Он сурудеро бозхонӣ мекунам, ки барои худам ва мухлисонам писанд аст. Муҳим дилхушкунанда ва ҷолиб бошад. Аммо ба таври ба худам хос бозхонӣ менамоям. Кӯшиш мекунам, ҳангоми иҷрои тарона аз ҳазлу шухӣ истифода намоям. Тапончаи кӯдакона ва рӯймоли (локи) сарам низ ҷузъе аз ҳунари ман аст, барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин истифода мебарам. Дар вақти сароидани суруд луқмапартоӣ мекунам, ҳар гуна суханҳои шӯхиомез мегӯям. Инчунин, баъзан “ямаха”-амро ба як ҷониб гардонида, садои гардиши мошинро мегузорам. Ин ҳама барои шӯру шар ангехтан аст. Барои ҷолибу хотирмон шудани маърака аст.
Як вақт дар замини наздиҳавлигиам ба ғалладаравӣ машғул будам. Як шиносам занг зада гуфт, ки туро ду духтари рус кофта омадаанд. Мехоҳанд бо ту мулоқот намоянд. Ҳама корамро партофта, ба ноҳияи Восеъ рафтам. Воқеан ду духтари рус маро интизор буданд. Онҳо навори суруди ҳиндӣ хондани маро дида, бо ҳам баҳс кардаанд. Яке гуфтааст, ки ин сароянда марди тоҷик аст, дигарӣ пофишорӣ намудааст, ки ӯ марди араб аст. Ҳамин тавр, оне, ки тоҷик гуфтааст, ба ҷустуҷӯи ман оғоз карда, бо ёрии шиносону дӯстон маро пайдо кардааст.
Мо дурудароз суҳбат намудем, барои он духтарон чанд суруд хондам ва ҳамроҳ акс бардоштем. Дар охир он духтарон аз ман даъват намуданд, ки ба Русия сафар кунам. Бо изҳори сипос таклифи онҳоро рад кардам.
– Ҷонибек Муродов ваъдаи ҳамкорӣ ва сабти клип карда буд. Ба ваъда вафо кард?
– Бале, бо Ҷонибек Муродов ҳамкориро оғоз намудем. Ҳоло сабти клип ҷараён дорад. Дар арафаи Наврӯз суруд омода мегардад ва пешкаши мухлисон мегардонем. Оҳанги сурудро Шарофиддин эҷод кардааст.
– Ҳоло чӣ нақшаҳо доред?
– Нақшаи асосии ман ин шабу рӯз, омода кардани албоми нахустини сурудҳоям аст. Чун то ҳол ман албоми алоҳидаи сурудҳоямро надорам.
Маълумотнома аз “Азия-Плюс”:
Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагам, ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини минтақаи Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11, ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст.
Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадами Қурбон фарзанди 8 – уми оила мебошад. Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.