Ташаббуси таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Норак аз ҷониби ҳукуматдорони маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари сокинони маҳаллӣ аз он дастгирӣ карданд.
Чорабиниҳои асосии ҷашн дар майдони марказии шаҳри Норак доир мегарданд. Дар майдон бо иштироки ҳунармандон ва устодони санъати кишвар намоишномаи театрикунонидашуда барпо мешавад.
Аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Норак барканда шуда, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад, ки имрӯз маросими расмии ифтитоҳи он доир мегардад.
Ҳамчунин зимни ин сафари кории худ ба шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкати ANDRITZ, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад.
Чанде қабл мо аз шаҳри Норак боздид намуда, бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашн ва қабули меҳмонон аз наздик ошно гардидем.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.