Намояндагони муассисаҳои давлатии ноҳия гулҳои лолаи навъҳои гуногун ва дигар гулҳои ороиширо ба маърази баҳогузорӣ ва тамошо мегузоранд. Доир ба ин мавзӯъ ҳамчунин барои тамошобинон барномаи адабиву ҳунарӣ низ пешкаш мешавад.
Мувофиқи дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, давоми солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон озмуни “Сайри гули лола” баргузор мешавад. Зимни сафари чанде қабли Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар ин робита таъкид шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.
Фетивали “Сайри гули лола” моҳи апрел дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ҷашн гирифта шуда, даҳаи дуюми ҳамин моҳ баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.